Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3803.08.2023
Мақомоти Тоҷикистон ду шаҳрванди кишварро, ки аз ҷониби Қирғизистон боздошт ва зиндонӣ шуда, як сол пеш барои идомаи адои ҷазо аз Бодканд ба Хуҷанд интиқол ёфта буданд, озод карданд.
Радиои Озодӣ мегӯяд, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ки тайи чанд моҳи ахир дар он ҷо нигаҳдорӣ мешуданд, рӯзи 28 июл аз маҳбаси Ёвон ба озодӣ баромаданд.
“Намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба зиндони Ёвон омада, изҳор доштанд, ки бо амри президенти Тоҷикистон ману Аскарро аз идомаи ҷазо озод ва доғи судии моро аз байн бурд. Мо аз ин миннатдорем ва хеле шодем, ки ба назди фарзандонамон баргаштем”,- гуфт Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.
Абдуқаҳҳоров ва Юнусов, шаҳрвандони Тоҷикистон то баҳори соли 2021 дар деҳаи Борбоддуқи Қирғизистон, ки ҳудуди Тоҷикистон дар он ҷо воқеъ аст, зиндагӣ мекарданд.
Онҳо баъди як даргирии мусаллаҳонаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28-29 апрели соли 2021 боздошт ва 14-уми сентябри соли 2021 аз ҷониби Суди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ҳукми абад маҳкум шуда буданд. Қирғизистон онҳоро бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" айбдор карда буд.
Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони Абдурозиқ Қаҳҳоров акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Аскар Юнусовро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд. Хешовандони маҳкумшудагон мегӯянд, ин иттиҳом асос надорад ва муҳокима ҳам дар ноҳияи Лайлак ноодилона ва дар шароити мармуз гузашт.
Баъдан бо пофишории Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар мурофиаи 6-уми декабри соли 2021 ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд. Дертар онҳо барои идомаи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад