Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Тоҷикдухтар дар озмуни зебоӣ байни муҳоҷирдухтарон дар Русия гузаронида шуд, соҳиби ҷоиза гашт
Дата публикации: 20:2811.10.2021
Чорабинии мазкурро Федератсия муҳоҷирон дар Русия баргузор кард. Барои иштирок дар озмун 50 нафар ҷавондухтарон аз 13 кишвар дархост фиристоданд, вале ба даври ниҳоӣ танҳо 10 нафари онҳо аз Тоҷикистон Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, роҳ ёфтанд.
Мақоми аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Камолова касб кард. Ҳамчун ҷоиза ба ӯ сертификати таҳсил дар Донишгоҳи иқтисодӣ – ҳуқуқии Москва тӯҳфа карданд.
Ҷоизаи интихоби мардумро бошад Нуринисо Абдулмаинова аз Тоҷикистон соҳиб шуд. Ба Нуринисо дар сомонаи озмун зиёда аз 6 ҳазор нафар овоз доданд, ки нисбати овзоҳои гирифтаи рақибонаш ду маротиба зиёдтар аст.
Дар қатори даҳ нафари ба даври финалии “Бонуи ФМР” роҳ ёфта, ҳамчунин се ҷавондухтари дигар аз Тоҷикистон, Рухшона Махкамова, Парвина Усмонова ва Наргис Зафарова аз Канибадам низ буданд.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта барандаи озмуни мазкур Фотима Қаландарова зодаи Тоҷикистон, шуда буд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад