logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Чин ба 126 кас расид

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон номаи тасаллӣ ирсол намуданд.

Your tj

10:3608.01.2025

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Чин ба 126 кас расид

Шумораи қурбониёни заминларзаи шадид дар минтақаи мухтори Тибети Чин ба 126 нафар расида, даҳҳо нафарн осеб бардоштаанд.

Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи онҳоеро, ки дар зери харобаҳо мондаанд, идома медиҳанд. Кӯшиш доранд, барои наҷотёфтагон ба зудӣ хайма бисозанд, зеро пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард шавад.

Дар радиуси 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир буда, ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти Шигатсе, беш аз 3600 хона фурӯ рехт, 407 нафар аз зери харобаҳо наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Заминларза бо шиддати 6,8 дар дирӯз, 7-уми январ рух дод. Дар пайи он, тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, то бегоҳи рӯзи гузашта шумораи ҷонбохтаҳо ба 126 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба 188 нафар расида буд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, президенти Чин дар робита ба ин фоҷиа барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба Чжао Летсзи, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин номаи тасаллӣ ирсол кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

33 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ