logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ташхиси пешакӣ: Қурути қурутоб сабаби заҳролудшавии 48 нафар дар Хатлон шудааст

Дар байни заҳролудшудагон кӯдакон низ ҳастанд.

Your tj

12:1925.01.2023

Ташхиси пешакӣ: Қурути қурутоб сабаби заҳролудшавии 48 нафар дар Хатлон шудааст

Ба заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар натиҷаи таҳқиқи пешакӣ қурут ё дуғоберо, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, сабабгор донистаанд. Гуфта мешавад, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст. Маълум нест, ки қурут ё дуғ таҳти кадом шароит тайёр шудааст.

“Азия – Плюс” бо такя ба иттилои як манбаъ Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб менависад, аз 24 нафари заҳролудшудае, ки дар ин беморхона бистарианд, 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.

“Вазъи саломатии онҳо беҳтар шудааст. Эҳтимол ҳамаи онҳо имрӯз аз беморхона рухсат шаванд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳия Зафар Гулзода гуфтааст, "ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад".

Ӯ афзуд, ҳамаи 48 нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар беморхонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бистарӣ шуда буданд, мураххас шуданд.

Ба гуфтаи ӯ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва зерсохторҳои онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сабаби заҳролудшави ҳодисаро муайян мекунанд.

"Ҳамаи сокинон бо аломатҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Ба онҳо сари вақт ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 24 – уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки "шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд".

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

2 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

23 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ