Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1831.01.2022
Мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар масъалаи набудани интернет дар Бадахшон вокуниши расмӣ нишон додаанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз, 31 – уми январ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки барои таъмин намудани амнияти шаҳрвандон баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.
Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз эътирози сокинони вилоят дар шаҳри Хоруғ дастнорас шуд. Инак бо гузашти зиёда аз ду моҳ, ба ғайр аз идораҳои давлатӣ дигар сокинон ба интернет дастрасӣ надоранд.
Илҳомҷон Атоев ба суолҳои батакрори хабарнигорон дар бораи набудани интернет дар ҳудуди ин вилоят посухи равшан надод.
Ӯ гуфт, ки аз вазъияти баамаломада дар ин вилоят ҳама бохабаранд ва мувофиқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, амнияти иттилоотиро таъмин кунанд.
"Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар асоси қонуни "Алоқаи барқӣ", моддаҳои 33-ю 34, мо вазифадор ҳастем, ки таъмини амнияти иттилоотӣ барои шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро таъмин намоем. Барои ҳамин, дар баъзе минтқаҳо, баъзе стандартҳои интернетӣ, тибқи талаботи байналмиллалӣ фаъолият намекунанд",-гуфт Атоев.
Ёдовар мешавем, ки қатъи интернет дар ин минтақа пас аз эътирози эътирози чоррӯзаи сокинон дар назди бинои ҳукумати вилоят бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони марги сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков ба амал омад.
Эътироз замоне қатъ шуд, ки шоми 28-уми ноябр мақомот ваъда доданд, ки қазияи марги Зиёбеков ва ду нафари дигарро дақиқона тафтиш ва шабакаи интернет дар вилоят барқарор карада мешавад.
Аз гузашти ҳодиса ду моҳ сипарӣ шуд, вале сокинони вилоят мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.
784 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад