logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тағйироти кадрӣ: роҳбарони нави 9 шаҳру ноҳия кистанд

Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуд.

Your tj

14:4607.01.2026

Тағйироти кадрӣ: роҳбарони нави 9 шаҳру ноҳия кистанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, муовинони раиси вилояти Хатлон ва раисони якчанд шаҳру ноҳияҳоро аз вазифа озод карда, ба ҷойи онҳо кадрҳои навро таъйин намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, Ашурбой Солеҳзода аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод таъйин гардид.

Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуда, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология таъйин шуд.

  • Пирзода Диловар -иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
  • Фаррухуддин Набизода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ;
  • Саймумин Рауфзода - раиси ноҳияи Ховалинг;
  • Азизулло Ализод - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
  • Шарифҷон Ҷумазода - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
  • Абдусаттор Ғаффорзода - раиси шаҳри Истаравшан;
  • Темурҷон Нӯмонзода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • Ҷамшед Ҷӯразода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
  • Нусратулло Салимзода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуданд.

Ҳамчунин, Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон, Зарина Давлатзода муовини раиси ин кумита ва Адҳам Маъмурзода мушовири калони бахши ёрдамчии президент таъйин гардиданд.

Манучеҳр Шарифзода, муовини пешини вазири фарҳанг, директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ» таъйин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъйинро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо дастур дод, ки фаъолияти худро бо риояи қонуният, хизмати содиқона ба давлату мардум, тарбияи кадрҳои ҷавон ва муносибати дуруст бо аҳолӣ ба роҳ монанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ