Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:3017.12.2025
Алишер Абдуллоев (9-3) ва Доробшоҳ Наботов (9-1) - ду варзишкори тоҷик, ки дар риштаи муҳорибаҳои омехта баромад мекунанд, меҳмони подкасти "Суханварз" дар студияи Your.tj шуданд.
Онҳо дар суҳбат ба Баҳриддин Ҷалолов дар барои кору ҳаёти имрӯза ва нақшаҳои ояндаашон гуфтанд.
Алишер Абдуллоев гуфт, бо сабаби вазъи саломатиаш нақшаҳои варзиширо каме ба таъхир гузоштааст ва ҳоло зиндагии муқаррарӣ дорад ва саломатиашро барқарор мекунад.
Ӯ дар бораи оғози ҳамкориҳояш бо размикори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов гуфт, ки қаблан якҷо дар клуби варзишии "Динамит" тамрин мекарданд.
"Муддате Лоиқ ба Русия рафт ва он ҷо карераи варзишиашро идома дод. Мо баъдан ба Қаҳрамонии ҷаҳон ба шаҳри Прагаи Чехия рафтем. Он ҷо як ҳамватанамон ба мо пешниҳод кард, ки шароити тамрину зиндагӣ дар Олмон муҳайё мекунад ва бояд аз номи клуби ӯ баромад намоем",- нақл кард Алишер.
Доробшоҳ Наботовро (9-1) дӯстдорони муҳорибаҳои омехта ва ҳаводорони UFC бо муроҷиати ғайримаъмулиаш ба Дана Уайт бештар дар ёд доранд, ки соли қабл дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.
Ин варзишгари тоҷик ноябри соли 2024 аз Дана Уайт, президенти UFC хост ба ӯ муҳориба диҳад. Вале бохт аз Матеус Камило дар декабри он сол пеши роҳи шартнома бастани ӯро бо UFC гирифт.
Ҳамакнун ин варзишгари тоҷик бо яке аз ташкилотҳои аврупоӣ шартнома бастааст ва моҳи январ муҳорибаи аввалинаш дар ин бошгоҳ аст.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад