logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Судҳо дар Русия соли 2024 қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд

Аксарияти хориҷиён маҷбурӣ ва асосан ба кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ихроҷ карда шудаанд.

Your tj

10:4317.02.2025

Судҳо дар Русия соли 2024 қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд

Дар соли 2024 бо қарори судҳо дар Русия қариб 90 ҳазор нафар иҷборан хориҷ карда шудаанд, ки ин шумора рекордӣ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС  бо такя ба иттилои директори Хадамоти федералии судиҷрочиёни Русия - сариҷрочии додгоҳҳои Русия Дмитрий Арестов хабар дод.

“Дар соли 2024 беш аз 87 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба 66 кишварҳои хориҷӣ хориҷ карда шуданд, ки нисбат ба соли 2023 қариб ду баробар зиёд аст (он замон 44 ҳазор хориҷӣ ба 60 давлат хориҷ карда шуданд)”,- гуфтааст ӯ.

Аксарияти хориҷиён маҷбурӣ ва асосан ба кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ихроҷ карда шудаанд. Инчунин, ба Куба, Ветнам, Судон, Чин, Миср ва дигар кишварҳо ихроҷ гардидаанд.

Хадамот як ҳолатро мисол овардааст, ки гуфта мешавад, шаш шаҳрванди Нигерия, ки бо фоҳишагӣ машғул буданд, аз вилоятҳои Свердловск, Саратов ва Тюмен хориҷ карда шуданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки соли гузашта иҷрочиёни судӣ 18 ҳазор хориҷиро аз Москва, 8 ҳазор хориҷиро аз Санкт-Петербург, 5,2 ҳазор нафарро аз милояти Москва, 2,2 ҳазор нафарро аз Краснодарск хориҷ кардаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 14 феврал дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, “қариб аз 30 ҳазор ҳам гузаштааст”.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус” дар Русия қонунҳои нави муҳоҷират қабул гардиданд ва онҳо “ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд мекунанд” ва муҳоҷиронро акнун бо сабабҳои ночиз бозмегардонанд. Воҳидзода гуфт, дар соли 2024 фақат аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ