logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

«Сомон Эйр»: Дигар ба мусофирон «бутерброд» не, балки хӯроки гарм медиҳем

Мусофирон оиди хӯрокҳои ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мебаранд.

Your tj

13:4710.02.2022

«Сомон Эйр»: Дигар ба мусофирон «бутерброд» не, балки хӯроки гарм медиҳем

Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шикоятҳои доимии мусофиронро оиди «бутерброд»- ҳое, ки ин ширкат ба мусофиронаш медиҳад, тасдиқ кард ва гуфт, шурӯъ аз моҳи март онҳо мусофирони худро бо хӯроки гарм таъмин мекунанд.

«Ширкат аз шикоятҳои мусофиронаш бохабар аст ва шурӯъ аз оғози соли нав ин масъаларо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст. Мо ба хулосае омадем, ки аз моҳи март сар карда, мусофироне, ки дар хатсайрҳое, ки аз 2 соат зиёд тӯл мекашанд, мусофиронро бо хӯроки гарм таъмин кунем», - гуфт намояндаи ин ширкат Қосим Вализода, имрӯз, 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ.

Ӯ гуфт, ба пастшавии сифати хӯрокҳои ин ширкат пандемия таъсири бевоситаи худро расонида буд ва акнун онҳо имкон доранд, ки ин мушкилиҳоро бартараф кунанд.

Аммо шикояти мусофирон оиди «бутерброд»-и ин ширкат пеш аз пандемия низ вуҷуд дошт ва то ҳол шикоятҳо ба назар мерасад.

Ҳамчунин оиди шикояти шаҳрвандон дар бобати пешакӣ огоҳ накардани онҳо аз ба таъхир гузоштани вақти парвоз, гуфт, "мусофирон намехоҳанд, ки маълумотҳои шахсии худро ба мо пешниҳод кунанд, аз ин рӯ мо наметавонем онҳоро сари вақт огоҳ кунем".

Малика Сафарзода 

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

2 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

23 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ