logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Соли хониши нав дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе оғоз мешавад

Дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

Your tj

17:4814.08.2024

Соли хониши нав дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе оғоз мешавад

Дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат 1-уми сентябр, ки ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост меояд, Дарси сулҳ баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.

Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки аз ин 125 ҳазорро духтарон ва 135 ҳазорро писарон ташкил медиҳанд.

Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

Ба иттилои Вазорати маориф, соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

33 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ