logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сокини Деваштич зери девори мактаб фавтидааст

Дар бораи он ки марҳум дар мактаб кор мекард ё на, хабар дода намешавад.

Your tj

15:4414.06.2023

Сокини Деваштич зери девори мактаб фавтидааст

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бар асари фурӯ рехтани девори мактаб як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст. Сабаби чаппашавии девор омадани сел будааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нимаи дуюми рӯзи 13-уми июн дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич бар асари борони шадид сел ба амал омадааст.

“Дар натиҷа таҳхонаи хонаҳои сокинони маҳаллӣ қисман зери об мондааст. Ҳамчунин, сел боиси фурӯ рехтани девори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа гардидааст. Бар асари фурӯ рехтани девор як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид”,- омадааст дар хабари КҲФ.

Дар бораи он ки марҳум дар мактаб кор мекард ё на, хабар дода намешавад.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷойи ҳодиса комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ, хадамоти зидди жолаи Кумита тайи як рӯзи охир корҳои безарар гардонидании жоларо дар шаҳрҳои Ваҳдат, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон анҷом доданд.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки дар давоми 24 соати наздик сатҳи об дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд шуда, хатари фаромадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ