Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:0303.04.2025
Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ як мард ҳангоми ҷамъоварии чукрӣ аз баландӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ҳодиса дирӯз, 2 апрел, тахминан соати 8-и субҳ рух додааст.
Гуфта мешавад, марди 34-солаи сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафтааст.
“Баъд аз боришоти тӯлонӣ, замини кӯҳӣ лағжонак буд ва мард ҳангоми ҳаракат лағжида, аз баландии 60 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Ҷасади ӯ тахминан соати 15:00 аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо гардида, ба наздиконаш супурда шудааст”,- менависад КҲФ.
Кумита аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз рафтан ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезумчинӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад