logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

Филмро тамошо кунед ва бифаҳмед, ки об чӣ гуна роҳеро аз чашмаи кӯҳӣ то шишае, ки мо ба даст мегирем, тай мекунад.

Your tj

16:1224.09.2026

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

Мо ҳар рӯз дар рафҳои мағозаҳо даҳҳо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо мебинем. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки фикр кунем, дар паси бастаи шинос чӣ меистад: дар истеҳсолот кадом технологияҳо истифода мешаванд, кӣ барои сифат масъул аст, чанд нафар дар таҳияи маҳсулот саҳм мегиранд ва бренди маҳаллӣ пеш аз расидан ба дасти харидор кадом роҳро тай мекунад.

Your.tj лоиҳаи нави махсуси TJ.BRAND — силсилаи филмҳо дар бораи брендҳои тоҷикӣ, истеҳсолот ва одамоне, ки онҳоро эҷод менамоянд, оғоз мекунад.

Нахустин нашри ин лоиҳа ба SIYOMA Water бахшида шудааст.

Мо ба ҷое рафтем, ки роҳи об аз ҳамон ҷо оғоз мешавад ва сипас аз корхонаи SIYOMA дидан кардем, то тамоми раванди истеҳсолотро аз манбаъ то шишаи омода пайгирӣ намоем.

Дар филм нишон медиҳем, ки истеҳсоли муосири об дар Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, низоми чормарҳилавии тозакунии об чӣ гуна кор мекунад, чаро сифати об ҳар соат санҷида мешавад ва хатҳои автоматикунонидашуда бо зарфҳои пластикӣ, шишагӣ ва алюминӣ чӣ гуна кор мекунанд.

Аммо ин филм танҳо дар бораи об нест.

Ин достони як корхонаест, ки дар тӯли ҳафт сол иқтидори истеҳсолии худро то ба 200 миллион литр об дар як сол расонида, номгӯи маҳсулоташро то 35 навъ зиёд кардааст, беш аз 200 ҷойи корӣ таъсис додааст ва маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷӣ баровардааст.

Ин ҳамчунин достони одамон аст — технологҳо, муҳандисон, кормандони озмоишгоҳ, роҳбарон ва мутахассисоне, ки ба шарофати онҳо таҷҳизоти мураккаби муосир дар ҳамин ҷо, дар Тоҷикистон, фаъолият мекунад.

TJ.BRAND барои он таъсис ёфтааст, ки истеҳсолоти Тоҷикистонро аз дохил нишон диҳад. На танҳо маҳсулоти тайёреро, ки мо дар раф мебинем, балки технологияҳо, сармоягузориҳо, дастаҳо, қарорҳо ва ҳадафҳоеро, ки имрӯз брендҳои миллиро шакл медиҳанд.

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа нишон додани истеҳсолоти маҳаллӣ ҳамчун бахше аз иқтисоди муосири Тоҷикистон ва нақл кардан дар бораи одамоне мебошад, ки дар паси брендҳо қарор доранд.

SIYOMA нашри нахустини TJ.BRAND-ро оғоз мебахшад.

Филмро тамошо кунед ва бифаҳмед, ки об чӣ гуна роҳеро аз чашмаи кӯҳӣ то шишае, ки мо ба даст мегирем, тай мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ