Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:2108.09.2023
Дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон имрӯз, 8-уми сентябр ба як қатор кормандони мақомоти қудратии кишвар рутбаи генерал-майор ва “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, онҳо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон мебошанд.
Аз ҷумла, Файзулло Нозимзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД соҳиби рутбаи ҳарбии генерал-майори милитсия шуданд.
Ҳамчунин, се муовини прокурори генералии Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Икром Зоирзода, ки ҳамзамон Сарпрокурори ҳарбии кишвар аст, соҳиби рутбаи дараҷавии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, ки дар ин сохтор ба ҳадди генералӣ аст, соҳиб шуданд.
“Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани рутбаҳо.
Ӯ афзудааст, ки ҳукумат хизматҳои онҳоро қадршиносӣ намуда, онҳоро бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро мегирад.
1313 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад