Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:4107.06.2024
7 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз кадрҳои навтаъйини роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он суҳбат кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои "Азия-Плюс", дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе барканор ва ба ҷойи ӯ Шоҳрух Саидзода таъйин шуд.
Ҳамчунин, Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд сабукдӯш гардид, вале маълум нест ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд.
Баҳодур Ваҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барканор гардида, маълум нест ба ин мансаб кӣ таъйин шуд.
Инчунин, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз вазифа озод шуданд ва ба ҷояшон нафарони нав таъин гардиданд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад