logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ширкати Бег Сабур дар рӯйхати сиёҳи шаҳрдорист. Ба ӯ дигар иҷозат барои сохтмон намедиҳад

Ширкатҳои Бег Сабур ҳанӯз соли гузашата бор супориши Рустами Эмомалӣ ба рӯйхати сиёҳ дохил карда шуда буданд.

Your tj

12:4304.02.2022

Ширкати Бег Сабур дар рӯйхати сиёҳи шаҳрдорист. Ба ӯ дигар иҷозат барои сохтмон намедиҳад

Раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Зувайдзода, имрӯз 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки ширкати сохтмонии “Комил – 2010”, ки моли раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур аст, то ҳол  камбудиҳои се бинои худро, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ислоҳ накардааст.

“Дар ҳоли ҳозир комиссия ба таври шабонарӯзӣ рафти  бартараф кардани камбудиҳоро дар сохтмонҳо назорат карда истодааст. Ҳоло ширкати “Комил – 2010” норасоиҳои танҳо як бинояшро дар маҳаллаи “Зарафшон” баратарф карда, барои қабул ба комиссияи давлатӣ пешниҳод намудаст. Мо мунтазири хулосаҳои комиссия ҳастем”, - гуфт Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфти Зувайдзода, дар қабул кардан ё накардани бино танҳо комиссия тасмим мегирад, ки он  ҳоло маълум нест. Ҳамчунин ин ширкатро таъкид кардаанд, ки мушкилоту камбудиҳои  биноҳои дигарашро, ки то ҳол аз ҷониби  комиссия  қабул нашудааст, бартараф кунад.

Раиси кумита, гуфт, ки ширкати “Комил-2010” то ҳол дар рӯйхати сиёҳ аст ва ба ӯ дигар барои сохтмон иҷозат намедиҳанд.

Мавриди биноҳои сохтаи ширкати Бег Сабур аз ҷониби мардум шикоятҳо зиёданд ва ҳама сола ин мушкилӣ дар нишасти хабарии  Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Соли гузашта низ Маҳмадсаид Зувайдзода гуфта буд, ки “Ширкатҳои Бег Сабур, “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад. Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд”.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ