Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4106.02.2025
Вазири саноати кишвар дар хусуси ғанисозии маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан орд гуфт, пас аз он ки ҳукумат қарор қабул мекунад, "мо ин масъаларо зери назорат мегирем".
Шералӣ Кабир зимни нишасти хабарӣ, 6-уми феврал қайд намуд, ки “мо бо шарикони рушд, хусусан бо барномаҳои байналхалқие, ки вобаста ба маводи хӯрока ҳастанд, ҳамкорӣ дорем”.
“Мо бо калотарин ширкатҳои ватанӣ гуфтугузор кардем ва баъзе намуди витамин ва иловаҳо аз давлатҳои аврупоӣ ворид карда мешаванд”, - зикр кард ӯ зимни нишасти хабарӣ.
Соли 2019 дар Тоҷикистон барои пешгирии норасоии ғизонокӣ Қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо хӯроквории ғанигардонидашуда” қабул шуд.
Дар асоси ин қонун “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” пешниҳод шудааст.
Мақсади барнома пеш аз ҳама ғанигардонии орд, равған, шир, маҳсулотҳои ширӣ, обӣ ва беҳтар намудани сифати намаки йоднок аст.
Барои ғанигардонии орд ҳамагӣ 4 намуд витамину минералҳои иловагӣ, аз қабили витамини B-12, кислотаи фолий, оҳан ва руҳ тавсия шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи стандарт ба 1 тонна орд 200 г премикс зам кардан мумкин аст.
Шералӣ Кабир низ дар нишасти хабарии имрӯз қайд кард, ки бо иловаи витаминҳо нархи орди ғанигардонидашуда на он қадар гарон мешавад.
Тибқи маълумоти “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” аз норасоии микроэлементҳо 5,6% кӯдакон ба камвазнӣ, 17,5% қадпастӣ ва 41,5% камхунӣ дучор меоянд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад