Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:3007.06.2021
Дар Душанбе сохтмони биноҳои истиқоматии нав бо шиддат идома дорад. Қисми зиёди соҳибмулкон пас аз омода шудани бино бо ҳолатҳое, ки зидди манфиатҳояшон аст, зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ширкати сохтмонӣ масоҳати манзили нафареро кам ҷудо мекунад, ба дигаре маблағи иҷораро пардохт намекунад. Бинобар ин соҳибмулкон бояд ҳангоми бастани шартнома ин ҷиҳатҳоро ба назар гиранд, то шартнома бар зарари онҳо анҷом наёбад.
Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, силсилаи подкастҳои “Агар манзили Шумо…” – ро пешниҳод менамояд. Мо оиди ҳуқуқҳои соҳибмулконе, ки хонаашон тахриб шудааст, бо ҳуқуқшиноси соҳа суҳбат мекунем.
Пас аз тахриби бинои истиқоматӣ ширкатҳои сохтмонӣ ӯҳдадоранд, ки то сохта ба истифода додани бино ба соҳибмулкон ҳар моҳ иҷорапулӣ пардохт намоянд. Вақте ки бино омода мешавад, ба соҳибмулкон манзиле ҷудо шавад, ки масоҳати он аз масоҳати манзили тахрибшуда на кам ва на зиёд бошад.
“Соҳибмулкон бояд ҳангоми бастани шартнома тамоми бандҳои онро хуб аз назар гузаронанд. Масалан, онҳо бояд мӯҳлати пардохти иҷорапулиро бо ширкат баррасӣ намоянд, яъне ӯ аз сохтмончӣ талаб кунад, ки то ба истифода додани бино иҷорапулиро пардохт намояд.
Ҳамчунин дар масъалаи масоҳати хона низ соҳибмулк бояд ҳушёр бошад. Ҳангоми тақсимбандии бино мумкин аст, ки ба соҳибмулк масоҳати кам ва ё зиёд пешкаш кунанд. Агар ин масъала пешакӣ дар шартнома баррасӣ шуда бошад, ҳеҷ мушкиле пеш намеояд”, - мегӯяд ҳуқуқшинос, Гулгуна Шозодаева.
Мо масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшудаи вобаста ба манзил, муҳиммияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда барои соҳибмулконро низ баррасӣ намудем.
Бояд қайд кард, ки подкасти мазкурро Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” омода намудаанд.
585 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
2 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
23 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад