logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шарҳи сабабҳои давлатӣ шудани литсейи Оғохон

Берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он яке аз сабабҳои аслиаш будааст.

Your tj

15:0801.08.2023

Шарҳи сабабҳои давлатӣ шудани литсейи Оғохон

Дар шарҳи сабабҳои давлатӣ шудани литсейи Оғохон дар нишасти матбуотии Вазорати маориф Зиёдулло Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз гуфт, ки яке аз сабабҳои аслиаш берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он аст.

Ӯ қайд намуд, ки низоми таҳсилоти кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале аз ҷониби муаллимони ин литсей он сарфи назар шудааст.

"Нишондодҳои Стандарти давлатии таҳсилот аз ҷониби муаллимони ин литсей сарфи назар мешуданд. Аз ҷумла, муаллимони литсей берун аз нақшаҳои таълимӣ амал мекарданд. Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд", - шарҳ дод муовини вазири маориф ва илм.

Ба гуфтаи Абдуллозода ҳатто баъзе аз хатмкунандагони ин литсей забони давлатиро намедонистаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки вазорат тарафдори баста шудани литсейи Оғохон нест, баръакс бо истифода аз шароити хубу замонавии он имкон ҳаст таҳсилро бо сифати беҳтар ба роҳ монд.

Чанде пеш литсейи Оғохон, ки яке аз муассисаҳои маъруфи ВМКБ дониста мешуд, давлатӣ шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ