logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шарҳи сабабҳои азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ба таъкиди директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, ин пеш аз ҳама ба пешгирии муҳоҷирати ғайрирасмӣ дар кишвари мизбон вобаста аст.

Your tj

18:0104.08.2023

Шарҳи сабабҳои азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтанд, ки ба тафтишу рейдҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва озору шиканҷаи онҳо кӯшиши ҷанбаи сиёсӣ додан на он қадар дуруст аст. Директори марказ Хайрулло Усмонзода таъкид кард, ки ин пеш аз ҳама ба пешгирии муҳоҷирати ғайрирасмӣ дар кишвари мизбон вобаста аст.

“Ба ин масъалаҳо кӯшиши ҷанбаи сиёсӣ додан на он қадар дуруст аст. Ҳодисаҳое, ки мову шумо шоҳиди онем, пеш аз ҳама талошҳо барои пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар кишвари мизбони муҳоҷирони меҳнатии мост”,- шарҳ дод Усмонзода.

Ӯ гуфт, дар ин кишвар, яъне Русия муҳоҷирони мо хеле зиёданд, вале шумораи дақиқашро нагуфт.

Ба гуфтаи Хайрулло Усмонзода сабабҳои халалдоркунандаи  фаъолияти расмии меҳнатӣ дар кишвари мизбон, аз бисёр ҷиҳат хусусияти объективӣ доранд.

“Барои будубоши расмӣ, хусусияти ҳуқуқӣ бахшидан ба фаъолияти меҳнатӣ баъзе аз масъалаҳое ҳаст, ки худи муҳоҷиронро маҷбур мекунад, то онҳо маҳз талош ба таври ғайрирасмӣ фаъолият кунанд”,- афзуд директори МТС.

Усмонзода шарҳ дод, ки муҳоҷирон бо такя ба миёнаравҳое, ки барои онҳо роҳҳои осонтари ба қайд гирифтан, ҷойи кори муносиб пайдо кардан, ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатиро мекунанд, дар бисёр маврид фиреб мехӯранд ва кор ба зарари онҳо анҷом меёбад.

“Ин масъалаҳо дар ниҳодҳои марбутаи расмии Тоҷикистон моҳҳои охир мавриди баррасӣ ва таҳлилҳои амиқ қарор дорад”,- гуфт ӯ.

Дар чанд моҳи ахир боздошту азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро як санҷиши маъмулӣ унвон мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, бештар фишор сари муҳоҷирони тоҷик аст ва полиси рус бо онҳо бадрафторӣ мекунад.

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Садҳо донишҷӯйи тоҷик ҳам дар ин кишвар таҳсил мекунанд ва афзоиши рейду тафтишҳо зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ