Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1414.07.2021
Новобаста аз вазъияти ба амал омада дар кишвар рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ Иди Қурбон таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои ҷумҳурӣ соати 6:30 баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Афшин Муқим дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
“Мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯзи 20 июли соли 2021 таҷлил карда шавад.
Вақти баргузории намози иди саиди Қурбон соати 6:30 дақиқа муайян карда шавад”, - омадааст, дар қарори расмии, Шӯрои уламо.
Мувофиқи қарор намози ид бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.
“Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону кӯдакон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкорӣ дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд”, - таъкид шудааст, дар қарор.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта бинобар сабаби пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад, пас аз беҳтар шудани вазъияти вобаста ба бемории коронавирус дар кишвар намози Иди Рамазон, гузоша шуд. Аммо мақомот баъд аз шаш моҳи бекоронавирусӣ санаи 21-уми июн аз хурӯҷи дигарбораи он дар кишвар хабар доданд.
Ҷашну идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад. Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз тақвими мелодӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад