logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Шӯрои уламо дар бораи манъи "либоси бегона" фатво дод

Як моҳ пеш, 20 июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қонунеро имзо карда буд, ки пӯшидани “либоси бегона”-ро манъ мекунад.

Your tj

10:0829.07.2024

Шӯрои уламо дар бораи манъи "либоси бегона" фатво дод

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия дод, ки аз пӯшидани “либоси бегона ба фарҳанги миллӣ” худдорӣ кунанд. Фатво ҷумъаи рӯзи 26-уми июл дар сомонаи расмии Шӯро нашр шудааст.

Як моҳ пеш, 20 июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қонунеро имзо карда буд, ки пӯшидани “либоси бегона”-ро манъ мекунад.

Дар фатво навишта шудааст, ки сарулибоси мардуми мусулмон вобаста ба шароити замону макон муайян ва тарроҳӣ шудааст.

“Дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд ва мепӯшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд”,- менависад Шӯрои уламо.

Ба навиштаи Шӯро бонувони кишвари мо аксаран либоси миллӣ, аз қабили рўймол, курта ва пойҷома мепӯшанд ва гуфта мешавад, ин “комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад”.

Дини мубини Ислом вобаста ба пӯшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дӯхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. Бинобар ин, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.

Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба модарону хоҳарони азиз тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.

Бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пўшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд. Риояи одоби пӯшидани либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳанг, василаи муҳимми муаррифии миллат ва тақвияти мазҳаби аҷдодӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки оромию суботро кафолат медиҳад, ба ҳисоб меравад. Дини мубини Ислом низ ҳамаи моро масъул гардонидааст, ки барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат саҳмгузор бошем.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

3 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

3 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

15 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

18 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

18 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ