Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0817.11.2025
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардаанд, ки давоми се рӯз - аз 18 то 20 ноябр чанде аз роҳҳои мошингард дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муваққатан баста мешаванд. Дар эълони расмӣ гуфта мешавад, роҳбандӣ “бо мақсади таъмини бехатарии меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳикунанда” сурат мегирад.
Гарчанде сабаби аслӣ дақиқан зикр нашудааст, "Азия-Плюс" аз эҳтимоли сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд хабар медиҳад. Чунин маҳдудиятҳо, ба гуфтаи ин расона, одатан пеш аз сафарҳои президент ҷорӣ мегарданд.
18 ноябр: шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонӣ, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Хуҷанд, кӯчаҳои Исмои Сомонӣ, Гагарин, С. Айнӣ то чорроҳаи Сартуқай, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон.
19 ноябр: шаҳри Истаравшан, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, ҷамоати Сабристонва роҳи Душанбе-Чаноқ.
20-уми ноябр: шаҳри Гулситон, кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, роҳи автомобилгарди ҷамоати Исфисор ва Конибодом-Деҳмой, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон.
Вақту соати дақиқи роҳбандӣ расман эълон нашудааст. Мақомот аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки дар ин рӯзҳо аз ҳаракати беҳуда дар ин самтҳо худдорӣ намоянд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
34 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад