Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5911.05.2022
Ошпази маъруфи турк CZN Бурак акси худро дар бистари бемористон дар саҳифаи Instagram – аш нашр кард. Бино ба маълумотҳо Бурак ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шудааст.
Дар акс CZN Бураки 27 сола дар тан либоси кабуди беморхона ва дар сараш кӯлоҳи ҷарроҳӣ дорад. Ӯ зери акс бо забонҳои туркӣ ва англисӣ “танҳо як озмоиши хурди муҳаббат, ин бузургтарин алоқа аст" навиштааст.
Тибқи маълумотҳои расида, ошпази машҳури шабакаҳои иҷтимоӣ ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст. Ин хабар тамоми мухлисони Буракро нигарон кард, ҳама даст ба дуо бардошта ба ӯ шифои комил мехоҳанд.

Оздемир бо таомҳои муалифии худ мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. Наворҳои таомпазии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд ва ӯро як сарошпази машҳур дар ҷаҳон карданд.
Ба ғайр аз ин Бурак дар чандин кишварҳои ҷаҳон тарабхонаҳои худро дорад. Чанд моҳ қабл дар маркази шаҳри Душанбе низ трабхонаи овозадори CZN Бурак кушода шуд. Худи Бурак дар кушодашавии он иштирок дошт ва чанд мудат барои мизоҷон хӯрок мепухт.
Бурак асосан дар Туркия ва Дубай зиндагӣ мекунад, аммо дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор пайравони худро дорад, ки усулҳои пухтупази ӯро дӯст медоранд. Ҳоло танҳо дар саҳифаи Инстаграмаш беш аз 34 миллион обуначӣ дорад.
4411 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад