Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:4104.04.2025
Санаи оғози таътили тобистона ва имтиҳонҳои хатм барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон муайян шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дод.
Тибқи фармони вазорат, таътил барои хонандагони синфи 1 аз 25-уми май ва барои хонандагони синфҳои 2 то 11 бошад, аз 1-уми июн оғоз меёбад.
Хонандагони синфҳои 4 то 8 ва синфи 10 пеш аз таътили тобистона имтиҳонҳои аттестатсионӣ месупоранд, ки аз 2-юм то 10-уми июн баргузор мегарданд.
Барои хонандагони синфи 9 имтиҳонҳои хатм аз 2-юм то 16-уми июн ва барои хатмкунандагони синфи 11 аз 2-юм то 20-уми июн баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дарси донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо фарқ мекунад, вале бояд ҳамаи донишҷӯён то 5-уми июл имтиҳоноти худро супорида, пурра ба таътили тобистона бароянд.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
2 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад