Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0631.05.2023
Дар натиҷаи як садама дар ноҳияи Рӯдакӣ як кӯдаки чорсола ба ҳалокат расидааст. Ноболиғи 16-сола дар сари чанбараки автомашинаи "Мерседес"-и бародараш будааст.
Тавре ВКД хабар медиҳад, сокини 16-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми рондани "Мерседес-Бенс"-и бародараш, дар роҳи автомобилгарди деҳаашон суръатро баланд кардааст. Ҳодиса рӯзи 30-юми май, тақрибан соати 08:25 дақиқа рух додааст.
“Вале аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии канори роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст”,- омадааст дар хабар.
Дар натиҷа писарчаи 4-сола, ки ҳамроҳи ронанда будааст, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Раёсати БДА-и Тоҷикистон мегӯяд, зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд. Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад