logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сӯхтори шадид дар мактаби рақами 71-и Душанбе

Тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавосардкунак (кондитсионер) ба амал омадааст.

Your tj

08:2623.06.2023

Сӯхтори шадид дар мактаби рақами 71-и Душанбе

Шаби гузашта, 22-юми июн, дар мактаби рақами 71-и шаҳри Душанбе сӯхтори шадиде ба амал омад. Тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавосардкунак (кондитсионер) ба амал омадааст.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе сӯхтор соати 22:15 дақиқа дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба амал омада, масоҳати 1500 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

"Бо мақсади пурра хомӯш намудани  алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд",- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сӯхтор пурра хомӯш карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

32 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ