logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Сӯхтори як хона дар Деваштич ба сабаби "лимит"-и барқ

Сабаби аслии сӯхтор номуайянии реҷаи "лимит" будааст.

Your tj

14:0102.12.2025

Сӯхтори як хона дар Деваштич ба сабаби "лимит"-и барқ

Дар манзили зисти як сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сӯхтор сар задааст, ки сабаби онро ба маҳдудияти нерӯи барқ рабт додаанд.

Дар ин бора Ёрибеки Ҷонибек, сардори идораи сӯхторнишонии ноҳия, ба “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса 26-уми ноябр дар хонаи Фаррух Рустамов, сокини 44-солаи деҳаи Эшонқурғон рух дода, сабаби аслӣ номуайянии реҷаи "лимит" будааст.

"Одатан барқ соати 17:00 дода мешуд, вале рӯзи ҳодиса барқ соати 15:00 пайваст шудааст. Сӯхтор бо сабаби нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ аз дарвозахона сар задааст",- гуфтааст ӯ.

Оташ 125 метри мураббаъро фаро гирифта, 41 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонидааст. Дар ҳодиса касе осеб надидааст.

Номгӯи маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистонро дар ин ҷо хонед.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ