Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1304.03.2024
Вазорати корҳои дохилӣ сӯхтори хонаеро дар Душанбе, ки боиси марги се кӯдак шуд, шарҳ дод. Тибқи иттилои ин ниҳод сӯхтор дар рӯзи 2-юми марти соли 2024 кӯчаи Хайрулло Мирзои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.
“Мутаассифона дар натиҷаи ҳодисаи мазкур аз сабаби бе назорат гузоштани ноболиғон Узоқов Абдурасули 4-сола, Узоқова Зуҳрои 3-сола ва Узоқова Зайнаби 1-сола дар дохили хона, аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ба ҳалокат расидаанд”, - хабар медиҳад ин ниҳод.
Мақомот мегӯянд сабаби ҳодисаи мазкур “тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса ин бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”.
Ин дуюмин фоҷеа дар давоми ҳафтаи гузашта буд, ки дар шаҳри Душанбе рух дод. Дар маҳаллаи “Гравзавод”-и пойтахт шаш узви як хонавода – Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзанди хурдсолаш шаби 27 ба 28-уми феврал аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.
ВКД, инчунин аз ҳодисаи сӯхторе хабар медиҳад, ки шаби 3-юми март дар ноҳияи Ёвон рух додааст. Ба иттилои манбаъ як маркази савдо оташ гирифтааст.
Сӯхтор дар маркази савдои “Ҳамдилон”, воқеъ дар кӯчаи Раҷабали Раҷабови ноҳияи Ёвон ба амал омадааст.
“Сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасониро дар масоҳати 420 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба миён омада буд”, - иттилоъ медиҳад ин ниҳод.
Сӯхторро кормандони хадамоти оташфишонӣ дар соати 23:55 ба пуррагӣ хомӯш кардаанд.
Мақомот мегӯянд, “сабаби ҳодисаи мазкур ва зарари он аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад”.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад