logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Русия мехоҳад муҳлати муоинаи тиббӣ барои муҳоҷиронро кам кунад

Муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ба муҳлати зиёда аз се моҳ меоянд, аз 90 рӯз то 30 рӯз коҳиш дода мешавад.

Your tj

15:5808.01.2026

Русия мехоҳад муҳлати муоинаи тиббӣ барои муҳоҷиронро кам кунад

Думаи давлатии Русия як қатор тағйиротро ба қонунгузории муҳоҷират вобаста ба муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ таҳия мекунад. Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳо ба «такмили сиёсати муҳоҷират» равона шудаанд.

Тибқи изҳороти Володин, дар назар аст муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ба муҳлати зиёда аз се моҳ меоянд, аз 90 рӯз то 30 рӯз коҳиш дода шавад.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муассисаҳои тиббӣ уҳдадор шаванд маълумотро дар бораи хулосаҳои тиббии додашуда ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол кунанд ва дар бораи ошкор шудани бемориҳои сироятӣ дар муҳоҷирон ба Роспотребнадзор, «бо ҳадафи ихроҷи фаврӣ» хабар диҳанд.

Илова бар ин, пешбинӣ мешавад, ки барои саркашӣ аз гузаштани муоинаи тиббӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима бо имкони ихроҷ аз кишвар бо қарори суд ҷорӣ гардад. Ҳамзамон, пешниҳод шудааст ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи набудани бемориҳои барои ҷомеа хатарнок ва муомилоти чунин ҳуҷҷатҳо шадидтар карда шавад.

«Тадбирҳои пешниҳодшуда ба тақвияти назорат аз болои муҳоҷирон ва баланд бардоштани амнияти ҷамъиятӣ дар кишвари мо равона шудаанд», - хулоса кардааст раиси Думаи давлатӣ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ва Тоҷикистон расмиёти гузаштани муоинаи тиббии муҳоҷиронро содда кардаанд. Онро дар Душанбе пеш аз сафар гузаштан мамкин аст ва муоинаи такрорӣ дар Русия талаб намешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ