logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Русия беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "қонуншикан" рӯйхат кардааст

Рӯйхати мазкурро мақомоти Тоҷикистон дар сомонаҳои худ ҷойгир кардаанд ва аз рӯи минтақаҳои кишвар феҳристи шаҳрвандонро дар ин ҷо дидан мумкин аст.

Your tj

11:2221.10.2024

Русия беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "қонуншикан" рӯйхат кардааст

Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати беш аз 120 ҳазор шаҳрвандони кишварро нашр карданд, ки гуфта мешавад, онҳоро дар Русия ҳамчун “қонуншикан” ба қайд гирифтаанд.

Феҳристи мазкурро Вазорати корҳои дохилии Русия тартиб додааст ва гуфта мешавад, ин нафарон зери назорат ҳастанд.

Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Вазорати меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯйхати мазкурро дар сомонаҳои худ ҷойгир кардаанд.

Аз рӯи минтақаҳои Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонро дар ин ҷо дидан мумкин аст:

Муҳоҷирон метавонанд барои фаҳмидани будан ё набудани номи худ дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия аз ин сомонаҳо истифода баранд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Русия тағйиру иловаҳо ба қонунҳои будубоши хориҷиён воридгардида аз 5-уми феврали соли 2025 мавриди иҷро қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, баъди қабули ин қонунҳо дар Русия низоми нави ихроҷ ба роҳ монда мешавад. Аммо дар бораи ин низом дақиқ гуфта нашудааст.

Барои маълумоти бештар бо ин рақамҳо тамос гирифтан мумкин аст:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.

Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 93 876 26 26; 93 922 06 84.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ