logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Рубли русӣ нисбати сомонӣ мавқеашро устувортар кард

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон барои як доллари ИМА 10,8 сомонӣ муайян кардааст.

Your tj

11:3706.12.2024

Рубли русӣ нисбати сомонӣ мавқеашро устувортар кард

Бонки миллии Тоҷикистон субҳи 6-уми декабр ба 1000 рубли русӣ 105,7 сомонӣ муайян кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта 1000 рубли русиро ба 96 сомонӣ иваз мекарданд.

Инчунин, доллари ИМА низ дар баробари сомонӣ каме мавқеашро устувор намуд. Бонки миллӣ барои як доллари ИМА 10,8 сомонӣ муайян кардааст.

Коҳишёбӣ ва гароншавии қурби рубл ба зиндагии сокинони Тоҷикистон таъсир мерасонад, зеро шаҳрвандони кишвар асосан барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва пеш бурдани зиндагии оила бештар аз маблағи фиристодаи онҳо вобаста аст. Беш аз 90% маблағи воридшуда ба Тоҷикистонро низ рубл ташкил медиҳад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ