logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Роҳи Исфара-Чоркӯҳ-Ворух дубора кушода шудааст

Боз шудани роҳ дар заминаи Созишномаи байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ, ки аввали соли 2025 ба имзо расида буд, сурат гирифт.

Your tj

13:2303.11.2025

Роҳи Исфара-Чоркӯҳ-Ворух дубора кушода шудааст

Роҳи мошингарди Исфара-Чоркӯҳ-Ворух, ки қаблан баста шуда буд, имрӯз бо иштироки Раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд Раҷаб Аҳмадзода Айбек Шаменов дубора ба истифода дода шуд.

[gallery size="full" ids="46111,46113,46119"]

Дар ин бора Хадмоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Боз шудани роҳ дар заминаи Созишномаи байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ, ки аввали соли 2025 ба имзо расида буд, сурат гирифт. Мувофиқи ин созишнома, 65 гектар замин аз ҳудуди деҳаи Қарабоқи Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашт, ки қитъаи баҳсии роҳ низ дар ҳамин минтақа ҷойгир аст.

Ба гуфтаи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, мувофиқи тавофуқи дуҷониба, роҳҳои Хоҷаӣ-Аъло-Дача-Қапчиғай-Ворух (бо дарозии 3 425 метр ва паҳноии 40 метр) ва Мин-Орук -Самарқандак-Ориёна-Шуристон (бо дарозии 3 241 метр ва паҳноии 40 метр) мақоми бетараф гирифтаанд.

Дар асоси ин тавофуқ, роҳи Ворухро ҷониби Тоҷикистон ва роҳи Самарқандакро ҷониби Қирғизистон бояд месохтанд. Гуфта мешавад, ин имкон медиҳад, ки рафтуомади сокинон осонтар ва масофа тақрибан як километр кӯтоҳтар шавад.

Раҷаб Аҳмадзода ва Айбек Шаменов зимни мулоқот бо сокинон таъкид карданд, ки ҳамзистии дӯстонаи аҳолии наздимарзӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ