logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Роҳи “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” таъмир мешавад

Роҳ бо дарозии 162 километр: аз ноҳияи Айнӣ то деҳаи Меҳрон (маркази Кӯҳистони Мастчоҳ) – 80 км, аз маркази ноҳия то деҳаи Деҳҳисор – 82 км сохта мешавад.

Your tj

16:1314.01.2026

Роҳи “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” таъмир мешавад

Роҳи душворгузари “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” пурра таъмир ва бозсозӣ мегардад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои вазорат, таҳияи лоиҳаи бозсозӣ ба ширкати машваратии “NARCO Consultants” аз Кувайт дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ (ПЛИН) вогузор шудааст.

Тибқи тарҳ, роҳи мазкур бо дарозии умумии 162 километр дар ду қитъа сохта мешавад:

  • аз ноҳияи Айнӣ то деҳаи Меҳрон (маркази Кӯҳистони Мастчоҳ) – 80 км;
  • аз маркази ноҳия то деҳаи Деҳҳисор – 82 км.

Дар доираи лоиҳа бунёди 27 пули мошингузар ва 405 қубури обгузар пешбинӣ шудааст.

Дар хабари расмӣ таъкид мешавад, ки роҳи “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ”, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, то имрӯз таъмири куллӣ нашудааст. Ин масир яке аз роҳҳои асосии интиқоли картошка ва ангишт ба Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба шумор меравад.

Сокинони минтақа қаблан борҳо шикоят карда буданд, ки бинобар харобии роҳ “60 километрро то 5-6 соат тай мекунанд”.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ