Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4024.08.2023
Агентии Reuters дар як тадқиқоти худ маълум кардааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани таҳрим, кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон маҳсулоти таҳримшударо ба Русия интиқол додаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ширкатҳои Русия аз моҳи май то июни соли равон ба маблағи 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои ширкати Northrop Grumman, дастгоҳи қаҳвапазӣ, гӯшиҳои махсуси телефон барои роҳбаладони ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.
Reuters аз интиқоли дастгоҳи Northrop Grumman ба ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” аз ҷониби ду ширкати тоҷикӣ дар соли 2022 ёдоварӣ мекунад.
“Моҳи июли соли 2022 яке аз онҳо аз ҷониби ширкати сохтмонии “Истиқлолият 20”, муқими Тоҷикистон тавассути Аморати Муттаҳидаи Араб ба ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шуд. Тибқи маълумот, дар моҳи сентябри соли 2022 як ширкати дигари сохтмонии тоҷик бо номи “Кафолати Комил” низ яке аз қисматҳоро тавассути Аморати Муттаҳидаи Араб ба Русия интиқол додааст”,- гуфта мешавад дар тадқиқот.
Муаллифони тадқиқот мегӯянд, Маҳмадбошир Ёқубов, директори “Истиқлолият 20” ба зангҳои телефонӣ посух надодааст. Инчунин натавонистаанд, ки бо Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати "Кафолати Комил" тамос бигиранд.
Ширкати "Уралские авиалинии" аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, беш аз 20 намуди таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст. Вале маълум нест, ки чӣ гуна харидорӣ кардааст.
Пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина баъзе кишварҳо ва ширкатҳои бузурги олам нисбати Русия таҳрим ҷорӣ намуданд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад