Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Раиси Суди ноҳияи Ҷ.Расулов ва як судяи Суди ВМКБ барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” барканор шудаанд
Дата публикации: 11:1324.05.2023
Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як судяи Суди ВМКБ барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шудаанд.
Инчунин роҳбари давлат фармони барканории се судяи дигарро бинобар сабаби ба нафақа баромаданашон имзо кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Зафар Қодирзода ва Насрулло Садриддинзода барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шудаанд.
Тавре моҳи апрели соли ҷорӣ Радиои “Озодӣ” хабар дода буд, Зафар Қодирзода “дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст”.
“Ӯ ба гирифтани пора ва қаллобӣ” айбдор мешавад ва “бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст”, навишта буд Радиои “Озодӣ” бо такя ба ду манбаи хеш.
Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз вазифаи судяи Суди шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи судяи Суди ВМКБ таъин шуда буд.
Насрулло Садриддинзода бошад, то ҳол маълум нест, ки барои кадом кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя аз вазифа озод шудааст. Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Суди ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Се нафари дигар, ки имрӯз, 23-юми май бо фармони президент аз вазифаи судя бинобар расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд, Сафаралӣ Холматзода, Ҳасан Қодирзода, судяҳои Суди вилояти Хатлон ва Сайфидин Муҳидинзода, муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.
Озод кардани судяҳо барои кирдоре, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, таҷрибаи нав нест. Қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон чандин судяро барои ин кирдор аз вазифа озод кардааст.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад