logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Раҳмон дар бораи аз вазифа озод кардани роҳбарони мақомоти интизомӣ ва амниятии вилояти Хатлон супориш дод

Ӯ инчунин фармон дод, ки воҳидҳои корӣ дар БДА 30 дарсад ихтисор карда шаванд.

Your tj

15:5619.01.2024

Раҳмон дар бораи аз вазифа озод кардани роҳбарони мақомоти интизомӣ ва амниятии вилояти Хатлон супориш дод

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19-уми январ зимни ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз вазифа озод кардани роҳбарони РВКД, Прокуратура, КДАМ ва агентиҳои зиддифасод дар Хатлон супориш дод.

Тибқи супориши президент сардорони Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлону Кӯлоб ва Бохтар, ҳамроҳи муовинонашон, прокуратураи вилояти Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минатқаи Кӯлоб, сардори Агентии зиддифасод ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳо дар ВКД, Прокуратураи генералӣ, КДАМ, агентиҳои зиддифасфоду мубориза бо маводи мухаддир бояд аз вазифа озод шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин ҷаласа аз фаъолияти мақомоти қудратии вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон интиқод карда, гуфтааст, онҳо “дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд”,- иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти президент.

Инчунин президент ба масъалаи аттестатсия - санҷиши хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фармон дод, ки воҳидҳои корӣ дар ин ниҳод 30 дарсад ихтисор карда шаванд.

Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос таъин намоянд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ