logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Рӯзноманигорону коршиносон нақши расонаҳоро дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ карданд

Маҳфили “Тавозун” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома" дар доираи лоиҳаи "Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ (EGED)" бо дастгирии ташкилоти "ACTED" амалӣ мешавад.

Your tj

19:3528.08.2025

Рӯзноманигорону коршиносон нақши расонаҳоро дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ карданд

Дар маҳфили навбатии рӯзноманигории иқтисодии “Тавозун” мавзӯи "Нақши расонаҳо дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ" баррасӣ гардид.

Маҳфил бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносону рӯзноманигорон 28-уми август баргузор гардид.

Дар ин нишаст нақши расонаҳо дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ, қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, аҳамияти пешгирии коррупсия дар рушди иқтисоди кишвар, инчунин, тартиб ва самтҳои фаъолияти мақоми олии аудити мустақили давлатӣ, шаклҳо ва тартиби гузаронидани аудити мустақили давлатӣ ва аҳамияти он дар банақшагирии буҷети давлатӣ, ки ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ рабт дошт, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва рӯзноманигоронро дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ муҳим хонданд.

Дар охир баҳсу баррасиҳо миёни иштирокчиён сурат гирифта, мутахассисон ба суоли хабарнигорон посух доданд.

Маҳфили “Тавозун” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома" дар доираи лоиҳаи "Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ (EGED)" бо дастгирии ташкилоти "ACTED" амалӣ мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ