Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Пули либосу хӯроки сарбозонро тасарруф кардаанд". Боздошти 52 мансабдор барои тасарруфи миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа
Дата публикации: 16:3209.08.2024
Дар робита ба тасарруфи беш аз 123 миллион сомонӣ аз буҷети сохторҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 52 масъули ин ниҳод боздошт ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 9 август Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, менависад Радиои Озодӣ.
Гуфта мешавад, пуле, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст.
“Дар натиҷаи тафтиши ниҳоии фаъолияти молиявӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ тасарруфи маблағҳо ошкор карда шуд ва то имрӯз 9 парвандаи ҷиноятӣ қисм-қисм ба Суди олӣ ирсол гардид”,- гуфт Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ҳамин ҳол аз ному насаб ва вазифаҳои ин шахсон маълумот дода нашуд.
Гуфта мешавад, то ин дам 93 млн сомонии маблағи тасарруфшуда баргардонида шудааст.
Бино ба маълумоти Агентӣ, соҳаи мудофиа дар зинаи панҷум миёни сохторҳои бештар фасодзада қарор дорад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шуда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.
1472 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад