Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5202.05.2023
Мақомот ба наворҳои дар беморхона бистарӣ шудани ҷавоне, ки дар натиҷаи латукӯб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ гирифтааст, вокуниши кӯтоҳ нашр карданд. Ба иддаои наздиконаш ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Панҷро комиссари ҳарбии ин ноҳия тариқи “облава” дастгир карда, дар утоқи корияш латукӯб кардааст.
Маркази матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ навиштааст, ки санҷиш аз рӯйи ин ҳодиса оғоз ёфтааст.
“Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон наворҳои дар беморхона бистарӣ шудани ҷавонеро, ки аз ҷониби шахси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд”,- омадааст дар матни вокуниш.
Ба иттилои манбаъҳои сомонаи Farazh.tj Суннати 17-сола, ки соли таваллудаш 2006 аст, пас аз дарс дар як нуқтаи шустушӯи нақлиёт мошиншӯйӣ мекардааст. Бегоҳи 24-уми апрел комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, Раҳмонзода Фитрат ӯро тариқи маҷбурӣ ба Комиссариати ҳарбӣ бурда, дар утоқи кориаш латукӯб кардааст.
Сомонаи прокуратура менависад, тафтишот идома дорад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
15 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад