logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон омад

Дар робита ба ин сафар субҳи имрӯз ҳаракат дар роҳҳои пойтахт маҳдуд гардида, тамбашавии воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд овард.

Your tj

11:0210.05.2023

Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон омад

Сардор Бердимуҳаммадов президенти Туркманистон субҳи имрӯз, 10-уми май бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти сарони ду кишвар баргузор шуда, дар ҷараёни он президентҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин имзои санадҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан сафари президенти Туркманистон ба Душанбе рӯзҳои 10-11 апрел пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели даргузашти бибии Сардор Бердимуҳаммадов ба таъхир афтод.

Рӯзи 8 май қабл аз сафари Бердимуҳаммадов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Туркманистону Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он беш аз 20 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Дар робита ба сафари президенти Туркманистон субҳи имрӯз, 10-уми май ҳаракат дар роҳҳои марказии шаҳри Душанбе маҳдуд гардиданд, ки дар натиҷа тамбашавии воситаҳои нақлиётиро ба вуҷуд овард.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

11 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

14 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

14 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

17 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

18 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ