Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:3116.08.2023
Дар натиҷаи рейди дурӯзае, ки мақомоти интизомии Русия дар ҷануби Санкт-Петербург анҷом дод, беш аз 100 муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия, ки дар қайди ҳарбӣ набудаанд, ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудаанд. Дар ин бора “Медуза” бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Рейд дар анбори сабзавоти София гузаронда шудааст. Ба иттилои полис, онҳо тақрибан 400 шаҳрванди хориҷиро тафтиш кардаанд, ки 55 нафари онҳо бо нақзи қонуни муҳоҷират дар Русия қарор доштаанд.
Полис инро “усули нав”-и рейди муҳоҷирон номид. Акнун кормандони полис бо ҳамватанони муҳоҷири худ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, “вохӯрӣ” мекунанд ва “имконияти таблиғоти иловагӣ”-ро дар бораи ӯҳдадории хидмати ҳарбӣ аз даст намедиҳанд.
Бар асоси қонунҳои Русия, шаҳрванди хориҷӣ, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст, бояд давоми ду ҳафта аз рӯзи сабти ном дар маҳалли иқомат дар ниҳодҳои низомӣ сабтином шавад.
Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи башар пешниҳод кард, ки ба хориҷиён шиносномаи Русия якҷоя бо сабтиноми ҳарбӣ дода шавад, зеро онҳо ин корро фаромӯш мекунанд.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
2 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад