logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пешниҳоди татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси Ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.

Your tj

14:3427.03.2025

Пешниҳоди татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси Ҳукумат

Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз 27 март пешниҳод гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва пардохт накардани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард, менависад хадамоти матбуоти роҳбари давлат.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод, то камбудиҳои ҷиддии мавҷударо рафъ намуда, аз такрори чунин вазъият пешгирӣ кунанд.

Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон. Акс: хадамоти матбуоти президент

“Таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва напардохтани маблағи он ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардад”,- омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли гузашта маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ расман ҷорӣ шуд. Ин реҷа ҳар сол ҷорӣ карда мешавад ва сабаби онро масъулин ба кам шудани оби обанбори Норак, боришот, афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.

Шуруъ аз 1-уми апрел дар кишвар нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон мешавад.

Тибқи он нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 35,36 дирам барои як киловат муқаррар шудааст. Барои корхонаҳо бошад ҳар киловат 80,90 дирам хоҳад буд.

Ҳоло арзиши як киловат истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 30,75 дирам ва барои корхонаҳо 70,35 дирам аст.

Пеш аз ин дар кишвар моҳи январи соли 2024 нархи истифодаи нерӯи барқ гарон шуда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ