Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:2514.12.2021
Парвиз Давлатов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд ва ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Аммо мувофиқи қонуни авф ӯ 5,5 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард, хабар доданд ба Your.tj як манбаи наздик ба рафти мурофиаи судӣ.
Ҳукм имрӯз дар зиндони тафтишотӣ (СИЗО), ки мурофиаи судӣ он ҷо баргузор гардид, эълон шуд.
Ёдовар мешавем, ки Азиза ва Парвиз рӯзи 31 октябр боздошт шуда буданд. Азиза Давлатова тибқи моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 1 (суиқасд ба куштор) гунаҳкор дониста мешавад.
Парвиз Давлатов аз рӯи се модаи КҶ ҶТ – 117 қисми 2, банди “в” (азобу уқубати шахси дар ҳолати нотавонӣ қарор дошта), 109 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ) маҳкум шуд. Парвизро аз рӯи ду модда бар асоси шаҳодати ҳамсараш Азиза Давлатова гунаҳкор донистанд. Сухан дар бораи фишори маънавӣ ва озори ҷинсии ҳамсари якум Азиза меравад.
Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки Давлатов чанд сол инҷониб зани якумашро мавриди озори маънавӣ ва ҷисмонӣ карор додааст. Бар асари фишори доимии равонӣ Азиза Давлатова ду маротиба қасди худкушӣ кардааст.
Азиза Давлатова дар суиқасд ба ҷони ҳамсари дуюми Парвиз Мадина Мамадҷонова муттаҳам мешавад. Мадина Мамадҷонова пас аз буғии Азиза Давлатова ба далели халалдор шудани фаъолияти ҳарду нимкураи мағзи сар зиёда аз се моҳ аст, ки дар ҳолати вегетативӣ, яъне беҳушӣ қарор дорад.
Парвиз ва Мадина пас аз паҳн шудани вазъи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуданд. Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани Азиза Давлятова сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Фаъолони ҷомеа ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости таъсир расонидан ба ин қазияи ҷиноӣ муроҷиат карданд.
Ба далели ин ҳодиса муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода, ки фармони афви гумонбарро имзо карда буд ва сардори ОМВД Сино-2 Зафар Исмоилзода аз вазифа озод карда шуданд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
35 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад