Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:4105.02.2022
Дамирбек Олимов, ҳунарманди ҷавони тоҷик, субҳи имрӯз бар асари як садамаи нақлиётӣ даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд
Гуфта мешавад, ки Дамирбек шаб дар як тӯй дар тарабхонаи Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва субҳи имрӯз, соати 3 ҳангоми аз ин тарабхона рафтан дар роҳ бо ду навозандааш ба садама дучор мешаванд.
Онҳоро ба беморхонаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд мебаранд ва мутаассифона дар беморхона Дамирбек Олимов мефавтад.
Дамирбек Олимов 20 марти 1989, дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таваллуд шуда буд.
Падари ӯ Ботурҷон Олимов ҳам овозхон аст. Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995—2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст.
Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд», бо раҳбарии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов ва дар дастаи «Садои Суғд» кор мекард. Оиладор аст ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.
Ду сол кабл сарояндаи машҳури дигар Баҳром Ғафурӣ низ бар асари садамаи мудҳиши нақлиёти фавтида буд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад