logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

“Омӯзгор бояд дарс диҳад”. Вазири маориф гуфт, муаллимон набояд ба корҳои дигар ҷалб шаванд

Раҳим Саидзодазимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳияи Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар ҳоли корбарӣ аст ва дар рӯзҳои наздик тасдиқ мешавад.

Your tj

15:4503.02.2025

“Омӯзгор бояд дарс диҳад”. Вазири маориф гуфт, муаллимон набояд ба корҳои дигар ҷалб шаванд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар хусуси ҷалби омӯзгорон ба ҳашар ва корҳои дигар гуфт, омӯзгор ба ғайр аз додани дарс дигар ба ягон кор ҷалб карда нашавад.

Раҳим Саидзода вазири мариф, 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, “мо Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия кардем, қонун дар корбарӣ аст, ман умед ба он дорам, ки дар рӯзҳои наздик ё моҳҳои наздик тасдиқ мешавад”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

“Яке аз бандҳои асосии қонун ҳамин аст, ки омӯзгор ба ғайр аз додани дарс, дигар ба ягон кор ҷалб карда нашавад. Омӯзгор бояд дарс диҳад”, - гуфт Саидзода.

Ин мансабдори тоҷик зикр намуд, ки дар қонун банди дигаре ҳаст, ки дар дарси омӯзгор ҳатто вазир ҳам ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати омӯзгор вориди дарс шавад.

“Омӯзгорро мо бояд халал нарасонем. Вақте одам ба як кор банд мешавад, нафари дигар фикрашро парешон кунад, чӣ қадар вақт даркор аст барои ба ҳолати аввала баргаштан”, - шарҳ дод вазир.

Қаблан борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси ҷалби омӯзгорон ба ҳашар  ва дигар корҳои ҷамъиятӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ вокунишҳо сурат гирифта буд.

Your.tj чанде пеш матлабе ба нашр расонда буд, ки омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёнро дар баъзе минтақаҳои кишвар дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб мекарданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

35 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ