Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:5305.05.2025
2-уми май боронҳои шадид, раъду барқ ва омадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон ба талафоти ҷонӣ ва зарари ҷиддӣ ба роҳҳо сабаб шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, як сокини 25-солаи деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Деваштич ҳангоми чорвочаронӣ бар асари раъду барқ ҷон бохт.
Ҳамон рӯз дар ноҳияи Ёвон як писари 12-сола ҳангоми чаронидани чорво зери сел монда, ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯ рӯзи 4 май, баъд аз ду рӯзи ҷустуҷӯ, дар наздикии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайдо шуд.
Рӯзи 2-юми май дар шаҳри Хуҷанд имдодгарон як духтари 18-соларо, ки ҳангоми аксгирӣ ба дарёи Сир афтод, зинда наҷот доданд.
Дар пайи боришоти пайдарпай, ҳамон рӯз дар роҳҳои мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ сел фаромада, ҳаракати нақлиёт муваққатан қатъ гашт.
Бо сафарбарии техника роҳҳо қисман боз шуданд, аммо баъзе масирҳо ҳанӯз барои мошинҳои боркаш баста боқӣ мондаанд.
КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз сафарҳои безарурат худдорӣ варзида, эҳтиёткор бошанд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад