Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1817.01.2024
Қабули дархостҳо ба барномаи Бурсияҳои Туркия (Türkiye Bursları) барои таҳсил дар мактабҳои олии Туркия аз 10-уми январи соли 2024 оғоз шуд, ки то 20-уми феврали идома хоҳад кард. То имрӯз тариқи ин барнома беш аз 150 ҳазор нафар қариб аз 100 кишвари ҷаҳон донишгоҳҳои Туркияро хатм кардаанд.
Ҳамасола наздики 5 ҳазор довталаб аз тамоми ҷаҳон ин бурсияҳоро ба даст меоранд. Дар айни замон, дар Туркия 15 ҳазор донишҷӯ дар доираи барномаи Бурсияҳои Туркия ба таҳсили худ идома дода истодаанд.
Дар доираи барномаи Бурсияҳои Туркия, хароҷоти донишгоҳ, давоми як сол курси омӯзиши забони туркӣ, суғуртаи саломатӣ, хароҷоти зист (хобгоҳ), чиптаи якдафъаина барои рафту баргашт ва идрорпулӣ (стипендия) пардохт мегардад.
Донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва ихтисосҳо аз ҷониби барномаи Бурсияҳои Туркия ҷо ба ҷо карда мешаванд.
Довталабон аз тариқи Системаи Маълумоти Бурсияҳои Туркия (TBBS- https://tbbs.turkiyeburslari.gov.tr/) метавонаанд ба дастурамали донишгоҳҳо ва барномаҳои академӣ (таҳсилӣ) дастрасӣ пайдо намоянд.
Дархостҳо ройгон буда, тариқи сомонаҳои интернетии www.turkiyeburslari.gov.tr ва ё www.turkiyescholarships.gov.tr анҷом дода мешавад.
Барои пур кардани дархостҳо тариқи интернет, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
Дархостҳо барои барномаи Бурсияҳои Туркия аз рӯи: муваффақияти таҳсилии довталаб, фаъолияти берун аз барномаи таълимӣ (силабус) ва дигар маҳоратҳои касбии довталаб арзёбӣ мегардад.
686 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
23 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад