Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Номи Путинро иваз мекунанд. Чаро номи Расулро ба шарафи президенти Русия тағйир дода буданд
Дата публикации: 16:0117.05.2023
Оилаи Ҷураевҳо тасмим гирифтаанд, номи писарашонро, ки соли 2016 аз Расул ба Путин табдил дода буданд, иваз кунанд. Ин хонавода дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд. Онҳо дар деҳаи Легковои ноҳияи Александровски вилояти Владимири Русия ба сар мебаранд.
Дар ин бора рӯзномаи “Новый город Александровск” бо сардори шӯъбаи САҲШ-и ин ноҳия Екатерина Белоус сӯҳбат анҷом додааст. Гуфта мешавад, сабти ин суҳбат дар саҳифаи ВК-и рӯзнома нашр шудааст.
“Волидон аллакай ба мо такроран муроҷиат намуданд. Ҳоло ба онҳо танҳо машварат додем. Фикр мекунам, онҳо аз кардаашон пушаймон шудаанд. Онҳо мехоҳанд ба кӯдак номеро, ки ҳангоми таваллудаш дода шудааст, баргардонанд ”,- мегӯяд Белоус.
Ин оила номи кӯдаки худро, ки баъди таваллуд дар ҳуҷҷатҳояш Ҷураев Расул Ҷахонгирович қайд шуда буд, дар якунимсолагиаш ба Ҷураев Путин Ҷахонгирович баргардониданд.
Ин қарор бо пешниҳоди бобои кӯдак Раҳмон Ҷураев, аз ҳаводорони ашаддии президенти Русия ва узви ҳизби “Русияи ягона” (“Единая Россия”) қабул шуд.
Тавре бахши русии Би-би-си менависад, Раҳмон Ҷураев тасодуфан ёддоштеро мехонад, ки рӯзноманигор ва тарҷумони мисрӣ Муъмин Мухтор писарашро ба шарафи Владимир Путин номгузорӣ кардааст.
Ӯ хулоса мекунад, ки чаро аз ин ибрат нагирад.
"Владимир Путин барои ман марди рақами яки ҷаҳон аст. Қавӣ, оқил ва босавод. Набераам дар кӯдакӣ ба Путин хеле монанд аст ва ман бе дудилагӣ тасмим гирифтам, ки номи кӯдакро иваз кунам",- мегӯяд ӯ дар суҳбат бо бахши русии Би-би-си.
Он замон аҳли оила, инчунин маъмурияти вилояти Владимир, ки тайи чанд соли ахир хонаводаи Ҷӯраевҳо дар онҷо ба сар мебаранд, аз тасмими тағйири ном пуштибонӣ кардаанд, менависад манбаъ.
Моҳи январи соли 2017 хонаводаи Ҷураевҳо ба як навзоди дигарашон – писари амаки Путин Ҷӯраев, Шойгу ном гузоштаанд. Сардори идораи САҲШ гуфтааст, ки волидони Шойгу барои ивази ном муроҷиат накардаанд.
560 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
3 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
3 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
15 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
18 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад