Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1804.04.2024
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар натиҷаи бо суръати баланд рондани мошин як ноболиғи 16-сола бо ду рафиқаш ба садама дучор шуда, яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.
“Санаи 27 март, тақрибан соати 20:15 ноболиғи 16-сола, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №3-и деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Кӯшониён воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Королла”-ро, ки ба падараш Зафарҷон Ҳасанов тааллуқ дорад, худсарона гирифта, бо ду рафиқаш бо суръати баланд ба роҳ мебароянд”, - гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Ронандаи ноболиғ бинобар сабаби аз ҳад баланд будани суръат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар ҳудуди дешҳаи Навкори ноҳияи мазкур ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, яке аз мусофирон, ҳамсабақи ноболиғ, Фарҳод Иброҳимов ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ҳолати ронанда низ чандон хуб нест.
Дар бораи ҳолати мусофири дуюм ва боз кардан ё накардани парванда аз рӯи ин ҳодиса чизе гуфта нашудааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
35 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад